Перевод: со всех языков на таджикский

с таджикского на все языки

я+не+знаю

  • 1 знать

    I
    несов.
    1. что, о комчем донистан, огоҳӣ (хабар) доштан, бохабар (воқиф, огоҳ) будан; шинохтан; знать намерения противника нияти душманро донистан, аз нияти душман бохабар будан; все уже знают о случившемся аз воқеа кайҳо ҳама хабардоранд; я не знаю, где она живет ман ҷои истиқомати ӯро намедонам; насколько я знаю… ба андозае, ки ман медонам…; как я могу об этом знать? ман инро аз куҷо донам?
    2. что донистан, балад будан; тасаввур[от] доштан; знать язык забон донистан; знать своё дело кори худро донистан, дар кори худ балад будан // с неопр. или с прид. предл. (уметь) тавонистан;знать, как себя вести одоби муоширатро риоя карда тавонистан; шинухез карда тавонистан
    3. кого (быть знакомым) ошной доштан, шиносо будан; я его совсём не знаю ман бо ӯ мутлақо шинос нестам; знать кого-л. по имени номи касеро донистан; знать в лицо кого-л. касеро аз рӯи қиёфа шинохтан
    4. чтр ҳис кардан, дарк кардан, донистан, фаҳмидан; я знаю, это даром не проидет ман медонам, ки ин [кор] беҷазо намемонад
    5. что аз сар гузарондан, таҳаммул кардан; он знал и горе и радость ӯ ҳам ғам ва шодиро аз сар гузарондааст
    6. чаще с отриц. эътироф (иқрор) кардан; он знать ничего не хочет ӯ ба ҳеҷ чиз иқрор шудан намехоҳад
    7. знаешь, знаете в знач. вводн. сл. оё медонӣ (медонед), медонӣ чӣ, медонед чӣ; знаете, я уже совсем здоров медонед чӣ, ман тамоман сиҳат шудам <> знать вдоль и поперек (насквозь, наперечет, как свой пять пальцев) панҷ ангушт (панҷа) барин нағз донистан; знать все ходы и выходы ҳамаи роҳу растаро донистан; роҳи даромаду баромадро донистан; знать за собой что ба ягон камбудии худ иқрор будан; знать меру аз ҳад нагузаштан; - про себя прост. нагуфтан, пинҳон доштан; знать свое место ҳадди худро донистан (шинохтан); знать толк в ком-чем ба қадри ҳалвою набот расидан, қадри ҳалвою наботро донистан; знать цену кому-чему-л. ба қадри касе, чизе расидан; знать себе цену кадри худро донистан; дать знать кому о ком-чем хабар додан, хабардор кардан; дать знать о себе худро маълум кардан; арзи ҳастӣ кардан; дать себя знать худро нишон додан, ҳис карда шудан; не знать, куда глаза деть сахт хиҷолат кашидан; не знать, куда руки деть аз шарм дасту по хӯрдан (худро гум кардан); не знать, куда себя деть чӣ кор карданро надонистан; не могу знать уст. намедонам; знать не знаю ҳеҷ (асло) намедонам; знай наших! прост. мо ана ҳамин хел!, ба мо қоил шав!, бо мо шӯхӣ накун!; знаем мы вас! прост. ирон. кӣ будану чй будани шуморо медонем!, мо пӯсти шуморо дар чармгарӣ ҳам мешиносем!; знай себе (в сочет. с гл.) парвое накарда…; а он знай себе покуривает вай бошад парвое накарда. тамоку мекашад; бог знает кто (что, куда) 1) худо медонад кн (чӣ, ба куҷо)… 2) чандои хуб нест; будешь (будете) знать, как… дониста мемонӣ (мемонед), ки…, дониста бош(ед), ки…; как знаешь (знаете) ихтиёрат(он), майлат(он); как знать, кто знает чӣ донам, аз куҷо [ме]донам, маълум нест, кӣ медонад; кто его знает, бог (господь) его знает, черт его знает кӣ медонад, худо медонад; пора [и] честь знать 1) бас аст, кофист 2) иззати нафси худро донистан даркор; вақти рафтан (хайру хуш) расид; то и знай в сочет. с гл. ҳамеша, доимо, дамодам, дам ба дам; только и знает (знаю, знаешь), что… ба ғайр аз ин дигар ҳеҷ корро намедонад (намедонам, намедонӣ); аз а в глаза не знает алифро калтак мегӯяд, балоро ҳам намедонад
    II
    вводн. сл. прост. аз афташ, аз афти кор, эҳтимол, шояд
    ж собир, аъёну ашроф

    Русско-таджикский словарь > знать

  • 2 ли

    (ль)
    1. частица вопр. ое, -мӣ, магар, наход; он здоров ли? оё ӯ сиҳат аст?
    2. частица в сочет. с неко-торыми словами выражает сомнение: едва ли ба гумон аст; вряд ли маҳол; чуть ли не гӯё, қариб
    3. союз усл. и разд. агар, …-мӣ …мӣ, ё, ё ки; станет ли писать, прольёт чернила агар навиштанӣ шавад, сиёҳиро мерезонад; не знаю, соберусь ли я к вам намедонам, пеши шумо омада метавонам ё не; он спросил, не ушиблась ли я лат нахӯрдед-мӣ, пурсид ӯ аз ман; жив ли, нет - не знаю зинда-мӣ, не-мӣ, намедонам; то ли бeдет, то ли нет, не знаю мешуда бошад ё не, намедонам <> то ли дело аммо, кори дигар.

    Русско-таджикский словарь > ли

  • 3 же

    I
    союз
    1. против. аммо, лекин, ку, у; я остаюсь, товарищ же уезжает ман мемонаму рафиқам меравад
    2. присоед. ва, дар айни ҳол, бошад; с тех пор как я его знаю, знаю же я его с детства… аз бозе ки ман ӯро медонам, ман бошам, ӯро аз бачагӣ мешиносам… <> хар чи бошад ҳам, бо вуҷуди ин; всё же я не пойду бо вуҷуди ин ман намеравам
    II
    частица
    1. усил. -а, -я, -е, -дия, охир, худи…; говори же! Гап зан, охир!; пойдём же! рафтем-е!; на первом же шагу аз худи кадами аввал; куда ж ты? охир, ту ба куҷо?
    2. (для указания тождества) худи ҳамон, худи ҳамин, айнан ҳамин; тот же худи ҳамон; такой же худи ҳамин, айнан ҳамин хел; там же дар худи ҳамои ҷо; туда же ба худи ҳамон ҷо; тогда же дар худи ҳамон вақт

    Русско-таджикский словарь > же

  • 4 а

    I
    с нескл. а (ҳарфи якуми алифбои русӣ) <> от «а» до «я» аз аввал то охир; кто сказал «а», тот должен сказать и «б» «а» ки гуфтӣ, «б»-ашро ҳам гӯй
    II
    союз
    1. против. аммо, лекин, вале, балки, … бошад, ва ҳол он ки…, на ин ки…, =у (=ю); не я, а ты тому виной дар ин кор ман не, балки ту гунаҳкор; тебе нужен только отдых, а не лечение ба ту фақат истироҳат даркор аст, на муолиҷа
    2. союз сопост.: мы говорим, а время идёт мо бо гап овораю вақт гузашта истодааст; такой старик, а работает ин қадар пир бошад ҳам, боз кор мекунад; что ни говори, а он прав ҳар чӣ гӯӣ ҳам, гапи вай ҳақ аст
    3. присоед. ва, лекин, аммо, вале; мне стало грустно, а почему, и сам не знаю дилам танг шуд, аммо сабабашро худам ҳам намедонам
    4. присоед. усил. (при вопросительном перечислении) -чӣ; что ты сегодня делаешь?, а завтра?, а послезавтра? ту имрӯз чӣ кор мекунӣ?, фардо-чӣ?, пасфардо-чӣ?
    5. усил. чӣ қадар; ҳар чӣ бошад ҳам; а уж как мы будем рады вашему приезду! аз омаданатон чӣ қадарҳо хурсанд мешавем!; а я всё-таки не согласен ҳар чӣ бошад ҳам, ман розӣ не <> а вдруг [ба] ногоҳ …-чӣ, [ба] нохост …-чӣ, рафту…, раваду…; а вдруг дождь! нохост борон борад-чӣ!; а если агар, мабодо, рафту…, раваду…, чӣ; а если они не приедут? онҳо наоянд-чӣ?; а между тем ва ҳол он ки…, аммо; а [не] то… 1) (иначе) вагарна, набошад, дар акси ҳол; торопись, а [не] то опоздаешь шитоб кун, вагарна дер мемонӣ 2) (потому что) чунки, ки…; закрой дверь, а то дует дарро пӯш, ки шамол медарояд 3) (или, или же) ё, ё ки…; выпей чаю, а то пойди отдохни чой нӯш, ё ки рафта дам гир; а хоть бы, а хотя бы хайрдия, ҳеҷ гап не, фарз кунем, масалан; кто это должен сделать? - А хотя бы и вы инро кӣ бояд кунад? - Масалан, худи шумо; а ну его! э, мон, дафъ шавад!; а кто его знает! кӣ медонад!
    частица разг.
    1. побуд. а, о, ҳо; дедушка, а дедушка! бобо, ҳо бобо!
    2. вопр. а, ҳа, хӯш; ты куда пойдёшь, а? хӯш, ту [ба] куҷо меравӣ?; а? что такое? ҳа? чӣ гап?
    IV
    межд.
    1. (выражает удивление догадку, злорадство) а, эҳа, оҳ, вой, ҳа, ваҳ; а, вы уже здесь! эҳа шумо дар ин ҷо-ку!; а! ты так! ҳа ту ин тавр мекунӣ!; как он его пробрал, а! ӯро хуб боб кард, а!
    2. (выражает решимость) а! была не была! э!; хайр!, э! таваккал!, ҳар чӣ бодо бод!; а! не до слов теперь! э! ҳоло вақти гап не!
    3. (выражает ужас, отчаяние, боль) вой, воҳ, э воҳ, ой, а
    V
    приставка (пеш аз садонокҳо) префикси калимаҳои хориҷӣ дар забони русӣ, ки муродифи префикси «бе» ё «но» мебошад: асимметрия асимметрия; асёптика асептика; ана-эробы анаэробҳо

    Русско-таджикский словарь > а

  • 5 делать

    несов.
    1. что кардан, сохтан, тайёр кардан; творог делают из простокваши чаккаро аз ҷурғот тайёр мекунанд; делать мебель мебел сохтан
    2. кардан, эҷод кардан, баровардан; делать фильм филм баровардан
    3. что кардан, кор кардан; ничего не делать бекор гаштан, ҳеҷ кор накардан; доьольно говорить, надо [дело] делать гап [задан] бас, кор кардан лозим; чего только мы не дёлали! кори накардагиамон намонд!; что мне было делать? ман чӣ коре карда метавонистам?
    4. в сочет. с сущ. что: делать зарядку машқ (варэиш) кардан; делать опыты таҷриба кардан; делать уроки дарс тайёр кардан; делать дополнения к новому изданию ба чопи нав иловаҳо даровардан; делать выбор интихоб кардан; делать вывод хулоса баровардан; делать глупости беақлӣ кардан; делать долги қарз гирифтан; делать наблюдения мушоҳида кардан; делать обход (о враче, стороже) дидан, дида баромадан; делать ошибку хато кардан; делать подарок тӯҳфа кардан; делать попытку саъй кардан; делать предупреждение огоҳонидан; делать различие фарқ кардан; делать сообщение хабар (ахборот) додан; делать усилия зӯр задан, кӯшиш кардан; делать шаг вперёд як қадам ба пеш мондан; делать жест рукой бо даст ишора кардан
    5. что (в сочет. со словами, указывающими на количество) гаштан, роҳ рафтан, чарх задан; поезд делает восемьдесят километров в час поезд дар як соат ҳаштод километр мегардад; колесо делает сто оборотов в минуту ғилдирак дар як дақиқа сад бор чарх мезанад; катер делает два рейса в сутки катер дар як шабонарӯз ду рейс мекунад
    6. что и без доп. рафтор (муомила) кардан; делать всё посвоему ҳама корро ба таври худ кардан; не знаю, что делать намедонам, чӣ кор кунам
    7. что кардан, расондан; делать добро некӣ кардан;делать одолжение илтифот кардан; делать кому-л. неприятности касеро хафа кардан (озор додан)
    8. кого-что из кого-чего кардан, сохтан, гардондан; делать из кого-л. посмешище касеро хандазор кардан; делать событие из каждого пустяка барои ҳар кори ночизе ҳаёҳу бардоштан // кого-что кем-чем кардан, таъин кардан; делать кого-л. своим помощником касеро ёрдамчии худ кардан; делать счастливым хушбахт кардан, бахтиёр кардан // кого-что кардан, сохтан, нишон додан; борода делала его старше своих лет ришаш ӯро аз будаш калонсолтар нишон медод <> делать авансы кому умедвор кардан, майли муошиқат кардан (аз тарафи зан); делать акцент на чем-л. чизеро таъкид кардан; делать вид вонамуд кардан; делать большие глаза дар тааҷҷуб мондан, ҳайрон шудан; делать весёлую (хорошую) мину при плохой игре бардурӯғ худро хурсанд нишон додан; делать глазки кому назарбозӣ кардан, чашмакӣ задан; делать дело (делать что-л. важное, полезное) кори муҳимме кардан; делать карьеру ба мартабаи калон (баланд) расидан; делать крюк давр зада роҳро дур кардан; делать кислую мйну рӯй турш кардан; делать нечего, нечего делать в знач. вводн. сл. илоҷ (илоҷи дигар) нест; делать нечего, придётся пойтй туда илоҷи дигар нест, бояд он ҷо рафт; делать погоду таъсири ҳалкунанда доштан; роли муҳим бозидан; делать предложение хостгорӣ кардан; делать стойку охот. сайдро дида наҷунбида истодан; собака делает стойку саг сайдро дида наҷунбида меистад; делать сцену кому-л. бо касе ҷанҷол бардоштан; делать честь кому-л. обрӯи касеро бардоштан, лоиқи ҳурмат кардан; этот поступок делает вам честь ин рафторатон обрӯи шуморо мебардорад; делать из мухи слона аз пашша фил сохтан, аз коҳ кӯҳ сохтан; \делать под козырёк саломи ҳарбӣ додан; \делать под себя прост. бистарро олуда кардан; что \делать1, что будешь \делать ! чӣ бояд кард!, илоҷи дигар нест!; что прикажешь (прикажете) \делать ? чй бояд кард?, илоҷ чист?; от нечего \делать аз бекорӣ

    Русско-таджикский словарь > делать

  • 6 быть

    несов.
    1. мавҷуд будан, вуҷуд доштан; будан; был ли он, или это только легенда? оё ӯ вуҷуд дошт, ё ин ки афсона аст?
    2. шудан, воқеъ будан, будан; завтра я буду там весь день фардо ман тамоми рӯз дар он ҷо мешавам; пастоище было высоко в горах чарогоҳ дар баландии кӯҳҳо воқеъ буд
    3. будан, доштан; на нём был тёмный костюм ӯ дар бар костюми сиёҳ дошт
    4. в сочет. с сущ. и нареч.: быть в переписке мукотиба доштан; он будет в восторге ӯ масрур хоҳад шуд; быть в разъездах дар сафар будан; быть начеку ҳушёр будан; быть вударе кайфчоқ будан; он был не в духе димоғаш сӯхтагӣ буд; быть не в своей тарелке кайфпарида (димоғсӯхта) будан
    5. шудан, рӯй додан, ба вуқӯъ омадан; не знаю, что с ним было намедонам ба вай чӣ шуда бошад
    6. омадан, рафтан, рафтуомад кардан; мы будем к обеду мо то пешин расида меоем; завтра буду у вас фардо ба назди шумо меравам
    7. ба сифати феъли ёридиҳанда мубтадоро бо хабар пайваст мекунад: он тогда был студентом ӯ дар он вақт донишҷӯ буд
    8. ба сифати феъли ёридиҳанда барои сохтани шаклҳои мураккаби сиғаи мачҳул кор фармуда мешавад: она была очень огорчена этим известием вай аз ин хабар бисьёр хафа шуда буд; дом был построен в прошлом году ҳавлӣ соли гузашта сохта шуда буд
    9. ба сифати феъли ёридиҳандаи замони оянда ба масдар ҳамроҳ шуда, сиғаи хабариро ифода мекунад: будете вы читать или нет? шумо мутолиа мекунед ё не?; я буду гулять в парке ман дар чорбоғ сайру гашт мекунам <> быть чему бояд шавад (воқеае); быть дождю бояд борон борад; быть за кого-л., быть на чьёй-л. стороне тарафи касеро гирифтан, касеро тарафгирӣ кардан; как быть ? чӣ бояд кард?; так и быть бошад, майлаш, шудан гирад; была не была! ҳар чӣ бодо бод!, таваккал!; будь добр!, будьте добры обращ. вежл. лутфан, бемалол бошад, марҳамат карда; будьте спокойны! хотирҷамъ бошед!; будь ты (он и т. п.) трижды проклят! прост. садқаи одам шав(ӣ)! будь что будет ҳар чӣ шавад, шудан гирад, ҳар чӣ бодо бод; будет и на нашей улице праздник дар кӯчаи мо (вай, ту ва ғ.) ҳам ид мешавад; ба ҷуи мо (ман, ту ва ғ.) ҳам об меояд; что будет, то будет таваккал, ҳар чӣ бодо бод; должно быть в знач. вводн. сл. бояд, бояд бошад, бояд ки; может, быть может в знач. вводн. сл. ]) (возможно) мумкин аст, эҳтимол, аҷаб нест ки…, шояд, эҳтимол дорад 2) в вопр. и побуд. предложениях шояд бытьёсуст. (жизнь) зиндагӣ, ҳастӣ, зист <> житьё- \быть зисту зиндагӣ, рӯзгор

    Русско-таджикский словарь > быть

  • 7 глаз

    м
    1. чашм, дида; правый глаз чашми рост; чёрные глаза чашмони сиёҳ; близорукие глаза чашмони наздикбин, чашмони хира; заплаканные глаза дидаи ашкбор; глазас поволокой чашми хумор, нигоҳи махмурона; зажмурить глаза чашмро нимпӯш кардан; заглаз крыть глаза чашмро пӯшидан
    2. назар, нигоҳ, чашм; встретиться глазами чашм ба чашм афтидан (во хӯрдан); поднять глаза назар (нигоҳ) кардан; провожать глазами кого-что-л. аз пушти касе, чизе нигоҳ карда истодан
    3. чашм; бабушка стала слаба глаз -ами чашми модаркалон хира аст // тк. ед. чашм; верный глаз чашми дақиқ; меткий глаз чашми тез; опытный глаз чашми зирак; посмотреть на что-л. глазом знатока ба чизе бо чашми кор-дони нигоҳ кардан
    4. перен. разг. назорат; нужен глаз да глаз чашм набояд канд; у семй нянек дитя без глазу посл. «кайвонӣ нӯҳ шуд, завола гум шуд <> бесстыжие глаза проспг. бран. обращ. бешарм!, беҳаё!; доступный глазу аён, намоён; дурной глаз чашми бад; невооруженным(простым) глазом бо чашми оддӣ, бе айнак, бе дурбин; своими глазами бо чашми худ; хозяйский глаз пухтакорӣ; ғамхорӣ, назорат; в глаза рӯйрост, беибо; сказать в глаза кому-л. ба рӯи касе гуфтан; в глазах кого-л., чьих-л. дар (ба) назари касе, ба фикри (ба гумони) касе; вырасти в чьйх-л.- ах дар пеши назари касе эътибор (обрӯ) пайдо кардан; за глаза 1) дар ғайб, ғоибона, аз пушт 2) (не видя) нодида (дар хариду фурӯш, ҳангоми ичрра гирифтан) 3) (вполне) комилан, баҳузур; за глаза довольно басу зиёдатист, баҳузур мерасад; на глаз тахминӣ, аз рӯи дид; определить (прикинуть) на глаз аз рӯи дид тахмин (муайян) кардан; на глазах у кого-л. дар пеши чашми касе, дар пеши назари касе, дар ҳузури касе; всё это происходит у него на глазах ҳамаи ин кор дар пеши назари вай рӯй медиҳад; с глаз долой) дур шав аз чашмам (аз назарам); убирайся с глаз долой! рав!, аз пеши чашмам дафъ шав!, ба назарам на-намо! 2) ба чашм нанамояд; с глаз долой - из сердца вон посл. аз дида дур - аз дил дур; с глазу на глаз танҳо ба танҳо, якка ба якқа; для отвода глаз барои чашмбандӣ; как бельмо на -у дилбазан, халаи биқин барин; куда глаза глядят ҳар ҷо, ки бошад; ҳар ҷо, ки рост ояд; лопни [мой] глаза прост. кӯр шавам ки…; насколько хватает глаз то чашм дидана; ни в одном глазу (глазе) маст-паст не; сна ни в одном глазу прост. хеҷ хоб намебарад; ради прекрасных глаз ба хотири чашмони зебо; с закрытыми глазами фикр накарда, мулоҳиза накарда, чашмро пӯшида; с открытыми глазами касдан, дидаю дониста; с пьяных глаз прост. мастомаст; хоть глаз (глаза) выколи (коли тип-торик, торикистон; глаз отдыхает на чём чашми кас меосояд; глаза разбежались у кого ҳайрон шуда монд; глаза разгорелись у кого оби дахон рафт; глаза слипаются (закрываются) хоб зер мекунад; глаза бы [мой] не глядёли (не видали, не смотрели) намедидаму намесӯхтам;глаза на лоб лезут у кого прост. чашмон мош барин калон кушода мешаванд; глаза на мокром месте гирёнчак; и [даже] -ом не ведёт пинакашро вайрон намекунад; глаз не казать куда, к кому камнамо шудан, рафтуоро қатъ кардан; глазом не моргнув 1) мижа назада, бе фикру андеша 2) бе тарсу харос; не успел глазом моргнуть ба як мижа задан, дар як дам; глаз не сводить с кого-чего-л. аз касе, чизе чашм накандан; глаз не сомкнуть чашм напӯшидан, мижа тах накардан; в глаза не видеть кого ҳеч надидан, асло надидан; у меня в -глазах потемнёло пеши чашмонам сиёҳй зад; в - ах рябит дар пеши чашм биҷиррос мезанад; не знаю, с какими -глазами покажӯсь куда бо кадом рӯй ба чашми мардум намоён мешавам; берёчь пӯще глаза (ока) ҳамчун гавхараки чашм ҳифз кардан (нигоҳ доштан); бить в глаза диққатро ба худ кашидан (ҷалб кардан); бросаться в глаза ба чашм афтодан, диқкатро ба худ ҷалб кардан; впиться глаз ами в кого, во что теғ кашида нигоҳ кардан; выкатить глаза прост. чашм ало кардан, чашм аз косахона баровардан; высмотреть [все] глаза прост. чашм чор шудан; вытаращить (выпялить) глаза прост. чашмро аз косахона баровардан, чашмро калон кушодан; глядеть (смотреть) во все глаза, глядеть (смотреть) в оба глаза бо диққат нигох кардан; делать большие -глаза дар тааҷҷуб мондан, ҳайрон шудан; делать круглые глаза худро ба нодонӣ задан; закрыть глаза кому-л. манаҳи касеро бастан; ба ҳалқи касе об чаккондан; закрыть глаза на что-л. чашм аз чизе пӯшидан, аҳамият ба чизе надодан; играть глазами ғамза кардан, чашм паррондан; искать глазами кого-что-л. чашм давонда касеро, чизеро кофтан; лезть в (на) глаза кому-л. прост. 1) зӯр зада диқкати касеро ба худ ҷалб карданӣ шудан 2) худнамоӣ кардан; мозолить глаза кому прост. хори чашм шудан; безор кардан; не верить [своим] глаз -ам ба чашмони худ бовар накардан; не спускать глаз с кого-чего-л. 1) (смотреть) чашм накандан аз касе, чизе 2) (приглаз стально следить) дар зери чашм доштан; открыть глаза кому-л. на что чашми касеро кушодан; отвести глаза кому-л. чашми касеро ба хато андохтан; пожирать глазами кого-что бо чашм хӯрдан; показываться (казаться) на глаза чьи, кому ба назар (ба чашм) намудан; попасть на глаза ба чашм афтидан; продрать глаза прост. чашм кущодан, бедор шудан; проплакать (выплакать) все глаза аз гиря чашмро варам кунондан; протереть глаза прост. бедор шудан; аз хоб хестан; пустить пыль в глаза кому-л. ба чашми касе хок пошидан; пялить (пучить) глаза на кого-что прост. чашмро песондан, чашм сих кардан, чашм дӯхтан; скрыться из глаз аз назар ғоиб шудан; смотреть в глаза кому 1) чашм дӯхтан 2) тамаллуқ кардан; смотреть в глаза чему нотарс рӯ ба рӯ шудан, беҳарос нигоҳ кардан; смотреть в глаза правде аз ҳақикат бим надоштан; смотреть в - а смерти аз марг наҳаросидан; смотреть прямо (смело) в глаза чему нотарсона нигох кардан; смотреть большими глазами тааҷчубомез чашм дӯхтан; смотреть другими глазами на кого--что бо дигар чашм дидан, аз дигар ҷиҳат баҳо додан; аз а в \глаза не знает алифро калтак мегӯяд; искры из глаз посыпались аз чашмон оташ парид; не в бровь, а в \глаз погов. « кофия рост омад; правда \глаза колет посл. сухани ҳак талх мешавад; у страха \глаза велики погов. тарсончак чор чащм дорад

    Русско-таджикский словарь > глаз

  • 8 даже

    частица усил.
    1. ҳатто; я даже представить себе этого не могу ман инро ҳатто тасаввур карда наметавонам; даже и… ҳатто… ҳам; даже и подумать не могу об этом дар ин бора ҳатто фикр ҳам карда наметавонам; даже теперь ҳатто ҳоло; даже если ҳатто агар; даже я не знаю ҳатто ман намедонам
    2. в знач. союза балки, ҳатто; было очень тепло, даже жарко ҳаво гарм ва ҳатто тафсон буд

    Русско-таджикский словарь > даже

  • 9 какой

    мест.
    1. вопр. Чи тавр, чӣ гуна, чи хел, кадом, чи қадар; какого вы мнения о нём? шумо дар бораи вай чӣ фикр доред?; к какому выводу вы пришлй? чи гуна хулоса баровардед?, ба кадом хулоса ома-дед?
    2. относ. кадом; не знаю, какую книгу вам дать? намедонам, ба шумо кадом китобро диҳам? 3« определит. чй хел; какая радость! чӣ хел хурсандии калон! <> какое! не!, асло не!, ҳаргиз!; согласен он? - Какбе! И слышать не хочет вай розӣ аст? Не! Шунидан ҳам намехоҳад; какой бы [то] ни был ҳар гуна (ҳар тарз, ҳар хел) ки бошад; какой ни на ёсть чӣ тавре ки бошад; какйми судьбами? кадом шамол парронд?; какой попало кадомаш ки рост ояд, кадомаш ки бошад, бетартибона; какая разница? чӣ фарк дорад?; до какйх пор? 1) то кадом вакт (фурсат)?, то кай? 2) то куҷо?; с каких пор? кай боз?, аз кай?; из какйх он? уст. прост. вай аз кадом авлод?; кому какой ҳар кию ҳар чӣ; кому какая работа нравится ҳар кию ҳар чӣ; какого дьявола?, за какйм дьяволом? прост. чаро?, барои чй?, чй даркор?, чй гуфта…?; ни в какую прост. ба хеч ваҷҳ, асло; ни за какйе блага, ни за какйе деньги ҳаргиз, зинҳор, ба ҳеҷ ваҷҳ; ни под какйм вйдом ба ҳеҷ ваҷҳ; ҳеч гоҳ; хоть \какойой чӣ хеле ки бошад

    Русско-таджикский словарь > какой

  • 10 когда

    I
    нареч.
    1. вопр. кай, кадом вақт, чй вақт; когда начинается совещание? маҷлиси машваратӣ кай сар мешавад?; когда он ложйтся спать? вай чй вакт хоб меравад?
    2. определит. (чаще с частицей «вот») он вақт, ҳамон вақт; вот когда я узнал его ана ҳамон вақт ман ӯро шинохтам
    3. неопр. разг. (иногда) баъзан, гоҳ, гоҳе, баъзе вақт, замоне; когда утром, когда вечером баъзан пагоҳӣ, баъзан бегоҳӣ; когда можно, когда нельзя гоҳе мумкин, гоҳе мумкин нест
    4. неопр. разг. (когда--нибудь) ягон вақт; слыхал ли ты когда об этом? Ту инро ягон вақт шунида будӣ? < есть >\ вақт нест!; есть когда нам дӯмать об этом мо дар ин хусус вақти фикр кардан надорем; когда бы ни… ҳар гоҳ ки…, кадом вақт ки …, кайки…; когда бы то нй было кай ки бошад; когданикогда гоҳо, баъзан, ягон вақт; когданикогда вспомнишь товарища ягон вақт дӯстатро ба ёд меоварй; редко когда гоҳо, баъзан; редко - выпадает дождь гоҳ-гоҳ борон меборад
    II
    союз врем. ки…, вақте ки …, замоне ки …, ҳангоме ки …; я проснулся, когда было темно бедор шудам, ки торик шудааст; когда наступло лето, все разъёхались по домам вакте ки тобистон омад, ҳама ба хонаҳояшон рафтанд
    2. усл. (часто с частицей бы) агар, дар сурате ки …, вақте ки …; ты так считаешь, дёлай сам агар ақидаат ҳамин бошад, худат кун ин корро
    3. изъясн. кай; я не знаю, \когда он приёдет кай омаданашро намедонам

    Русско-таджикский словарь > когда

  • 11 она

    (её, ей, е.ё ёю и ей, о ней) мест. личн. жӯ, вай, он; её нет дома вай дар хона нест; скажи ей ба ӯ бигӯй; я её знаю ман ӯро мешиносам; я ею доволен ман аз вай розӣ; расскажи о ней дар бораи вай нақл кун (

    Русско-таджикский словарь > она

  • 12 правда

    ж
    1. ҳақиқат, ҳақ; говорить правду ҳақиқатро гуфтан; правда глаза колет посл. сухани ҳақ талх мешавад
    2. инсоф, адл, адолат, ростӣ; борбться за правду муборизи роҳи адл будан; стоять за правду тарафдори адолат будан
    3. ҳақ, ростӣ, дурустӣ; правда на вашей стороне ҳак ба ҷониби шумост; ваша правда ҳақ бо шумост
    4. в знач. сказ. и вводн. сл. ростӣ, ҳақиқатан, ба ростӣ, дуруст (рост) аст; ҳа; правда, я мало разговаривал с ним дуруст аст, ки ман бо вай кам гуфтугӯ кардам
    5. в знач. уступ. союза (хотя) гарчи, агарчи, ҳарчанд ки, рост аст ки; правда, солнце взошло, но ещё холодно агарчи офтоб баромадааст, ҳаво ҳанӯз хунук мебошад <> правда матка прост. ҳақикати махз; правду-матку резать рӯйрост гуфтан, кушоду равшан (буду шуди гапро) гуфтан; верой и правдой (служить) уст. бо садоқат, виҷдонан (хизмат кардан); всеми правдами и неправдами ҳакку ноҳак; росту дурӯғ гуфта; по правде (жить, поступать) аз рӯи виҷдон, боинсофона, аз рӯи адолат (зиндагӣ кардан, рафтор кардан); по правде говоря (сказать) в знач. вводн. сл. ҳаққашро (росташро) гӯям (гӯем); рости гап (гапи ҳак) ҳамин ки; по правде сказать, я не знаю росташро гӯям, намедонам; смотреть правдев глаза (в лицо) аз ҳақиқат бим надоштан (рӯй натофтан); что правда, то правда ростӣ, ҳақиқатан; не \правдаа ли? магар ҳамин хел не?, оё чунин нест?

    Русско-таджикский словарь > правда

  • 13 откуда

    нареч.
    1. вопр. аз куҷо; откуда ты приехал? ту аз куҷо омадӣ?; вы откуда? шумо аз куҷоед?, шумо куҷоӣ ҳастед?, шумо куҷоӣ?; откуда вы знаете? аз куҷо медонед? // (отчего, почему) аз чӣ сабаб, аз барои чӣ, чаро; откуда сырбор загорелся? аз чӣ сабаб ин шӯру ғавғо хест? // прост. (для выражения удивления, несогласия и т. п.) аз куҷо; откуда я знаю!?, откуда мне знать!? аз куҷо медонам!?
    2. относ. аз куҷое ки; уходи, откуда пришёл аз куҷое ки омадӣ, ҳамон ҷо бирав откуда ни возьмись… аз кадом гӯр…

    Русско-таджикский словарь > откуда

  • 14 отчего

    нареч.
    1. вопр. чаро, барои чӣ, аз чӣ сабаб, аз чй ваҷҳ, бо кадом сабаб; отчего вы непришли? чаро шумо наомадед?
    2. союзотнос. (по какой причине) барои чӣ бошадки…, аз чӣ сабаб бошад ки…, бо кадом ваҷҳ бошадли…; я не знаю, отчего его нет намедонам аз чй сабаб бошад, ки ӯ неет // (вследствие чего) бинобар ин, аз ин сабаб, барои ҳамин, аз ин рӯ; он засмеялся, отчего лицо его стало приятнее вай хандиду ситорааш гармтар шуд

    Русско-таджикский словарь > отчего

  • 15 почем

    нареч. вопр. разг. чанд пул, чандпуӣ, чандсӯм(ӣ); почем яблоки? себ чанд пул? <> почем знать надонад кас; маълум нест; кӣ медонад; почем я знаю? ман кай (чӣ) донам?, аз куҷо донам?, надонам?!; почем зря сахт, бисёр; бить почем зря мурданивор задан; врать почем зря дурӯғи щохдор гуфтан; ругать почем зря сахт хақорат кардан; узнать почем фунтлиха гармию сардии рӯзгорро дидан

    Русско-таджикский словарь > почем

  • 16 стоять

    несов.
    1. истодан, қарор истодан; стоять на крыльце дар болои зинапоя истодан; стоять на солнце (в тени) дар оф-тобрӯя (дар соя) истодан; стоять на цыпочках нӯги по истодан; стоять на коленях ба зону истодан
    2. кардан, истодан; стоять у станка дар дастгоҳе кор кардан; стоять в карауле каравулӣ кардан
    3. истодан, қарор истодаи, таваққуф кардан; поезд стоит десять минут поезд даҳ дақика меистад (тавакқуф мекунад); лошадь не стоит на месте асп дар ҷояш қарор намеистад
    4. истодан, будан, ҷорӣ набудан; вода в пруду стоит оби ҳавз ҷорӣ нест; время не стоит вакт мегузарад
    5. кор накардан, беҳаракат будаи; часы стоят соат хоб кардааст; машина стоит мошин кор намекунад
    6. вокеъ будан, истодан; город стоит на берегу реки шаҳр дар соҳили дарё воқеъ аст; поезд стоит на третьем пути поезд дар рохи сеюм истодааст; трактор стоит под навесом трактор дар таги шипанг аст; диван стоит в углу диван дар кунҷи хона истодааст
    7. перен. мавҷуд будан, будан; весна стояла у двора фасли баҳор наздик омада буд; стоят жаркие дни рӯзҳо гарманд; в воздухе стоял шум дар атроф ғалоғула хакмфармо буд; всюду стоит запах цветов ҳама ҷоро бӯи гул гирифтааст; в небе стояла луна шаб маҳтоб буд, маҳтобшаб буд; в глазах девочки стояли слёзы чашмони духтарак ашколуд буд; в комнате стоял дым хона пур аз дуд буд; стоять на уровне требований современности ба талаботи ҳозира муносиб будан; стоять у власти дар сари ҳокимият истодан; на повестке дня стоят три вопроса дар рӯзнома се масъала ҳаст; перед нами стоят серьёзные задачи дар пеши мо вазифаҳои ҷиддӣ истодаанд
    8. уст. воен. истодан, зиндагӣ кардан; стоять в деревне дар деҳот истодан
    9. мудофина кардан, тарафдор будан; стоять за Родину ватанро мудофиа кардан; стоять за дело мира тарафдори сулҳ будан; стоять друг за друга ҳамдигарро тарафдорӣ кардан <> стоять горой [за кого-л.] [ба ҳимояи касе] мисли кӯҳ истодан; балогардони кассе шудан; стоять грудью ҷонро дареғ надошта истодан; стоять за спиной у кого пушту паноҳ доштан; стоять колом (костью) в горле прост. балои ҷону тафти устухон будан; стоять над душой чьей-л., у кого-л. мехи ҷафо барин ба сари кассе истодан; стоять на задних лапках перед кем чоплусӣ (лаганбардорӣ) кардан; стоять на одной доске дар як қатор истодан, баробар будан; стоять на [одном] месте хобидан; стоять на платформе чего-л., какой-л. тарафдори чизе (ақидае) будан; стоять на чьем-л. пути (чьей-л. дороге) пеши роҳи касеро гирифтан; стоять на своём дар гапи худ истодан, гапи худро гузарондан; стоять на своем посту дар ҷои худ истодан, вазифаи худро иҷро кардан; стоять на своих [собственных] ногах мустақил будан; стоять насмерть ҷонро дареғ надошта ҷанг кардан; стоять на стороне кого-л., чьей-л. тарафи касеро гирифтан, касеро тарафдорӣ кардан; стоять на страже чего нигаҳбонӣ кардан; стоять на часах посбонӣ кардан; стоять одной ногой в могиле в гробу пой ба лаби гӯр расидан; стоять перед аналоем дар калисо никоҳ кардан;стоять перед выбором илоҷе надоштан; чӣ кор карданро надонистан; стоять перед глазами чьими, у кого пеши чашм истодан; стоять поперек горла у кого ниҳоят ба танг овардан; стоять поперёк пути (дороги) кому-л. пеши роҳи касеро гирифтан; не стоять за чем ҳозир будан, тайёр будан; стой(те)! 1) (остановись, остановитесь) исто!, истед!; 2) (подожди, подождите) сабр кун(ед)!, ист(ед)!; стойте, я знаю, как поступить истед, ман ҳамин хел карданӣ

    Русско-таджикский словарь > стоять

  • 17 только

    1. частица огранич. танҳо, фақат; ему только тридцать лет ӯфақатба сӣ даромад; это только начало ин фақат аввалаш аст; ещё только час соат ҳоло фақат як шуд; только лишь под вечер танҳо қариби шаб; этот вопрос может решить только он ин масъаларо танҳо вай ҳал карда метавонад // в составе против. союза «не только…, но [и]на фақат…, балки…; на танҳо…, балки…; не только я, но и другие говорят то же самое на танҳо ман, балки дигарҳо ҳамин тавр мегӯянд // в составе уступ. союза «только бы» кошки, факат, фақатакак; только бы он пришёл! кошки вай меомад!
    2. союз против. аммо, лекин, вале; все хорошо, только придётся рано вставать ҳамаи ин хуб аст, вале барвақт хестан лозим мешавад; я согласен ехать, только не сейчас майлаш, ман меравам, вале ҳозир не // в сочет.с союзами «а», «но», «да» аммо; всё это я уже слышал, но только до сих пор не могу поверить ман ҳамаи инро шунида будам, аммо то ҳол бовар карда наметавонам
    3. нареч. навакак, ҳозиракак; она только кончила институт ӯ навакак институтро хатм кардааст
    4. союз врем. тж. в составе союзов «едва толыш, «как только», «лишь толь-ко» и т. п. ҳамин ки…, вақ ки…; только он стал читать, раздался звонок ҳамин ки вай ба хондан сар кард, садои занг шунида шуд; как только приёдешь, напиши нам ҳамин ки рафта расидӣ, ба мо хат навис
    5. частица исил. ҳам; кто только там не бывал! одами ба он ҷо нарафтагӣ ҳам намонд!; чем только он не занимался! кори машғул нашудагиаш ҳам намонд! // при повел. накл. (попробуй) канӣ, бин; только тронь его! канӣ, ба вай даст расонда бин!; только попробуй не прийти! наомада ҳам бин! <> только и фақат танҳо; они только и говорили об этом событии онҳо танҳо дар бораи ҳамин воқеа гап мезаданд; только и всего, и только фақат ҳамин, дигар ҳеч чиз, буду шудаш ҳамин; только что навакак ҳозир, ҳозиракак; он только что ушёл вай хозиракак рафт; только что не…1. (почти что) қариб ки…, қарибакак 2) (единственно, чего не хватает) танхо, фақат; только-только 1) ба зӯр, зӯр ба зӯракӣ; денег только-только хватило на дорогу пул ба зӯр ба роҳпулӣ расид
    2. (недавно) навакак, хозиракак; да и только халос; он не хочет отвечать, да и только вай чавоб додан намехоҳаду халос; подумать \только! аҷабо!; \только и видели кого зуд ғайб зад; \только и знаю (знаешь, знает), что… ба ғайр аз ин дигар ҳеҷ корро намедонам (намедонӣ, намедонад)

    Русско-таджикский словарь > только

  • 18 ухватиться

    сов. за кого-что
    1. гирифтан, доштан, часпидан, ба чанг гирифтан; ухватиться за палку чӯбро доштан, ба чӯб часпидан
    2. перен. разг. сар (шурӯъ, оғоз) кардан, машғул шудан; не знаю, за что раньше ухватиться намедонам, ки аввал кадом корро сар кунам
    3. перен. разг. часпидан, часпида гирифтан; он ухватился за эту мысль ӯ ба ин фикр маҳкам часпида гирифт <> обеими руками ухватиться за что-л. ба чизе дудаста часпида гирифтан

    Русско-таджикский словарь > ухватиться

См. также в других словарях:

  • Знаю только я (фильм) — Знаю только я Жанр Драма Режиссёр Карен Геворкян В главных ролях   Кинокомпания Ленфильм Страна СССР …   Википедия

  • Знаю только я — Жанр Драма Режиссёр Карен Геворкян В главных ролях   Кинокомпания Ленфильм Страна СССР …   Википедия

  • Знаю — на биржевом жаргоне признание или непризнание фирмой или отдельным брокером своего участия в конкретной сделке в качестве контрагента. По английски: Know it См. также: Биржевой жаргон Финансовый словарь Финам …   Финансовый словарь

  • Знаю я тебя (вас, их и др.) — ЗНАТЬ 1, знаю, знаешь; несов. Толковый словарь Ожегова. С.И. Ожегов, Н.Ю. Шведова. 1949 1992 …   Толковый словарь Ожегова

  • Знаю, на место цепей крепостных / Люди придумали много иных — Из стихотворения «Свобода» (1861) Н. А. Некрасова (1821 1877). Иносказательно: о долгом, сложном пути к свободе, о многочисленных препятствиях, лежащих на пути к ней. Энциклопедический словарь крылатых слов и выражений. М.: «Локид Пресс». Вадим… …   Словарь крылатых слов и выражений

  • ЗНАЮ ТОЛЬКО Я — «ЗНАЮ ТОЛЬКО Я», СССР, ЛЕНФИЛЬМ, 1986, цв., 89 мин. Социально психологическая драма. Своеобразное путешествие в прошлое известного архитектора, руководителя мастерской, однажды совершившего «дерзкий» поступок: вопреки мнению ученых добился… …   Энциклопедия кино

  • "ЗНАЮ" — (англ. know it) выражение, означающее признание (или не признание) брокером своего участия в очередной сделке от имени продавца или покупателя. Райзберг Б.А., Лозовский Л.Ш., Стародубцева Е.Б.. Современный экономический словарь. 2 е изд., испр. М …   Экономический словарь

  • знаю — нареч, кол во синонимов: 1 • в курсе (9) Словарь синонимов ASIS. В.Н. Тришин. 2013 …   Словарь синонимов

  • ЗНАЮ — (англ. know it) (бирж. сленг) выражение, означающее признание ( или не признание) брокером своего участия в очередной сделке от имени продавца или покупателя …   Энциклопедический словарь экономики и права

  • знаю — @font face {font family: ChurchArial ; src: url( /fonts/ARIAL Church 02.ttf );} span {font size:17px;font weight:normal !important; font family: ChurchArial ,Arial,Serif;}  глаг. иногда: совокупляюсь с женою; познаю.      …   Словарь церковнославянского языка

  • ЗНАЮ ТОЛЬКО Я —   1986, 89 мин., цв., 1то. жанр: драма.   реж. Карен Геворкян, сц. Анатолий Гребнев, опер. Генрих Маранджян, худ. Всеволод Улитко, комп. Виктор Кисин, зв. Эдуард Ванунц.   В ролях: Петр Вельяминов, Татьяна Ташкова, Екатерина Васильева, Юрий… …   Ленфильм. Аннотированный каталог фильмов (1918-2003)

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»